Фарзандони Расули Акрам (с) icon

Фарзандони Расули Акрам (с)

5.3

Kamdu sano Khudoro va durudu salom bar Paembari buzurgvorash Muҳammad.

App Information

Version
Update
May 23, 2024
Developer
Google Play ID
Installs
10,000+

App Names

App Description
Ҳамду сано Худоро ва дуруду салом бар Паёмбари бузургвораш Муҳаммад.
Аммо баъд, Худованди Раббулиззат бо фазлу карами Хеш ҷиҳати ҳидояти инсонҳо паёмбар фиристод, то мардум аз паёмбарон зиндагии ризоятбахш ва худописандонаро ёд бигиранд ва дар тамоми бахшҳои зиндагӣ равишеро интихоб кунанд, ки Худованд ба паёмбар (с) омӯхта ва ӯ ба инсонҳо расонидааст.
Паёмбарон танҳо аҳкоми илоҳиро бо забон бозгӯ накардаанд, балки дар амал низ пиёда карданд ва ба унвони намуна барои дигарон қарор гирифтаанд. Бинобар ин, Худованд паёмбаронро аз фариштаҳо ва ҷинҳо интихоб накардааст, чаро ки нишон додани тарзи зиндагй фақат тавассути паёмбаре имконпазир аст, ки аз насли худи инсонҳо бошад ва амал кардан ба аҳком ва ононро водор сохтан ба амал ҳадафи аслии паёмбарон мебошад.
Бинобар ин, анбиё дар тамоми умури зиндагӣ башарро раҳбарӣ кардаанд, то инсонҳо дар анҷоми корҳои дунявии хеш битавонанд аз онҳо итоат ва пайравӣ намоянд, то бо иқтидо ба онон ибот ризомандии Худовандро фароҳам оваранд.
Аз мутолиаи сирати паёмбарон маълум мешавад, ки баъзе аз онон худ машғул ба ҳунармандӣ ва дигар ҳирфаҳо будаанд ва баъзе подшоҳӣ низ кардаанд ва дар зиндагии баъзе аз паёмбарон тараққӣ ва заволи баъзе аз ақвом ба чашм мехӯрад. Бинобар ин, тамоми корҳое, ки дар зиндагии инсон рӯй медиҳад, метавон дар ҳаёти анбиё ёфт, ба хусус сарвари паёмбарон ҳазрати Муҳаммад (с), ки зиндагии муборакаш монанди китоб равшану возеҳ ва маҳфуз асг ва ҳеҷ қисмате аз зиндагии он ҳазрат пӯшида несг. Ҳар кас метавонад аз зиндагии он ҳазрат (с) барои худ дарси ибрат бигирад.
Read more